Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи араб Сурияро ҳадафи таҳримҳои нав қарор дод


Вазирони умури хориҷии Лигаи араб барномаи таҳримҳои нави зидди Сурияро ба тасвиб расонданд, ки ба нишони эътироз аз сарпечии Димишқ дар қабули нозирони Лигаи араб ба миён омадааст. Нуздаҳ кишвар аз 22 узви лига аз таҳримҳои ҳимоят карданд. Бино бар онҳо, ҳама гуна сари кор бо Бонки марказии Сурия ва сармоягузорӣ дар ин кишвар манъ шуда, сафари мақомоти аршади сурёнӣ ба кишварҳои узв мамнӯъ ва моликияти онҳо мунҷамид мешавад. Ин дар ҳолест, ки Лигаи араб узвияти Сурияро ин моҳ ба ҳоли таълиқ дароварда буд. Бино бар омори Созмони Милал сар аз шурӯи нооромиҳо дар Сурия дар моҳи марти соли равон зиёда аз 3500 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин байн Созмони Наззораи ҳуқуқи инсони Сурия мегӯяд, саркӯби норозиён ва талабгорони истеъфои президент Башор Асад идома дошта, нерӯҳои Сурия боз 10 нафар мухолифони давлатро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG