Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори ҳамдардии ИМА ва НАТО ба мардуми Покистон


Вазирони умури хориҷӣ ва дифои Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва Леон Панетта дар як изҳороти муштарак аз ҳалокати сарбозони покистонӣ изҳори андӯҳ ва ҳамдардӣ кардаанд. НАТО ваъда додааст, воқеаро ба таври дақиқ пажӯҳиш хоҳад кард. Дабири кулли паймон Андрес фоғ Расмуссен дар робита ба ҳалокати сарбозон ба мардуми Покистон арзи таслият намуда, дар номаи худ ба сарвазири ин кишвар ҳамчунин навиштааст, «ҳалокати ҳарбиёни покистонӣ ғайри қобили қабул ва ғамангез аст, ҳамчунон ки ҳалокати ҳарбиёни афғон ва байнулмилал.» Pаиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ ва дигар раҳбарони ҳарбии ин кишвар имрӯз дар расми дафни 24 сарбоз, ки дар минтақаи Муманд кушта шуданд, ширкат варзиданд.
XS
SM
MD
LG