Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони Таҳрири Қоҳира як нафар кушта шуд


Мақомоти беҳдоштии Миср мегӯянд, як тазоҳуркунандаи майдони Таҳрир дар Қоҳира кушта шудааст. Ба қавли шоҳидони айнӣ, мошини ҳарбӣ ин мӯътаризро пахш карда гузаштааст. Тазоҳуркунандагон шабро дар майдони Таҳрири Қоҳира саҳар карданд ва талаб доранд, ҳукумати низомии кишвар ба истеъфо равад. Дар нооромиҳои нав дар Миср 42 нафар кушта шудаанд, аммо мақомоти ҳарбӣ аломате ба ақибнишинӣ нишон намедиҳанд. Дар иваз онҳо ваъда доданд, ки интихоботи ояндаи президентиро дар нимаҳои соли 2012 баргузор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG