Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Русия бо Тоҷикистон раводид ҷорӣ намекунад?


Константин Ромодановский

Константин Ромодановский

Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба матбуот гуфтааст, имкони ҷорӣ кардани раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, вуҷуд надорад. Вай гуфтааст, “бо назардошти иҷоди қаламрави воҳиди АвруОсиё дар бораи ҷорӣ кардани раводид бо ин кишварҳо танҳо шахсе метавонад сӯҳбат кунад, ки таҳсили хуб нагирифтааст”. Ба гуфтаи вай, барои фаъолияти муназзами иқтисоди Русия ҳар сол ин кишвар ба 300 000 муҳоҷири кории хориҷӣ ниёз дорад. Вай ҳамчунин ҷорӣ нашудани раводид бо ин кишварҳоро бо мушкили демографии Русия ё кам шудани аҳолии он иртибот дод. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 1,5 миллион нафар тахмин зада мешавад.
XS
SM
MD
LG