Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Амрико ташкил намешавад


Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон (акс аз бойгонӣ)
Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон (акс аз бойгонӣ)
Cафорати Амрико дар Душанбе сару садоҳо дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии паймони НАТО дар Тоҷикистонро беасос хонд. Баъд аз боздиди генерал Винсент Брукс- фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми артиши Амрико аз Душанбе дар мавриди гуфтугӯҳои ин мақоми амрикоӣ бо мақомоти тоҷик роҷеъ ба таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон сару садоҳо ба гардиш даромада буд. Намояндаи дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, "боздиди ҷаноби Брукс танҳо ҷанбаи шиносоӣ дошт ва ба мавзӯи таъсиси пойгоҳи низомӣ ҳеҷ рабте надорад." Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сару садоҳо дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистонро рад кард.
XS
SM
MD
LG