Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садовничий имрӯз ба Маскав бармегардад


Қарор аст, халабони рус Владимир Садовничий, ки ду рӯз пеш аз боздошт раҳо шуд, имрӯз аз Душанбе ба Маскав баргардад. Халабони дигари ширкати “Ролкан” Алексей Руденко шоми дирӯз тавассути Санкт-Петербург ба зодгоҳаш –Эстония баргашт. Додгоҳи Қӯрғонтеппа онҳоро рӯзи 8 ноябр бо ҷароими убури ғайриқонунии марз, нақзи қоидаҳои парвоз ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки мояи таниши шадиде байни Русияву Тоҷикистон шуд. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22 ноябр ҳукми онҳоро 6 сол кӯтоҳ карда, бар асоси қонуни афв ҳардуро озод кард.
XS
SM
MD
LG