Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия 28 нафари дигарро куштаанд


Мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, рӯзи сешанбе маъмурони амниятӣ 28 ғайринизомии дигарро куштанд. Ба гуфтаи онҳо, хунрезӣ дар шаҳрҳои Ҳамо, Ҳумс ва Дайр ал-Зӯр сурат гирифт. Дар ҳамон рӯз, кумитаи ҳуқуқи башари Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ аз сӯи режими раиси ҷумҳур Башшор Асадро маҳкум кард ва аз ӯ хост, фавран ба хушунатҳо хотима диҳад. Башшор Ҷаъфарӣ, сафири Сурия дар Созмони Милал, Бритониё, Фаронса ва Олмонро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо таҳияи қатънома, “алайҳи Сурия, ҷанги матбуотӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ” ба роҳ андохтаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз моҳи март то кунун дар ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатии Сурия бештар аз 3 500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG