Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Маскаву Таллин аз раҳоии халабонҳо


Халабонҳо дар роҳ ба сӯи додгоҳ

Халабонҳо дар роҳ ба сӯи додгоҳ

Дар Русия раҳоии халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Ролкан” шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро бо қаноатмандӣ истиқбол кардаанд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, раҳоии халабонҳо натиҷаи асосии ҷаласаи дирӯзаи додгоҳи вилояти Хатлон буд. Ин додгоҳ Садовничий ва Руденкоро 2,5-солӣ ҳукми зиндон дода, сипас бар асоси қонун афв озод кард. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа онҳоро рӯзи 8 ноябр бо ҷароими убури ғайриқонунии марз, нақзи қоидаҳои парвоз ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси таниши бесобиқае дар равобити Тоҷикистону Русия шуд. Эстония низ аз раҳоии шаҳрвандаш аз зиндони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG