Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости такрории Эрдуғон аз раҳбари Сурия


Реҷеп Тийип Эрдуғон
Реҷеп Тийип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия имрӯз бори дигар аз раҳбари Сурия даъват кард, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад ва ба саркӯбии хунини эътирозгарон хотима диҳад. Ин даъвати Эрдуғон дар ҳоле садо медиҳад, ки қарор аст СММ пешнависи қатъномаеро ба райдиҳӣ бигзорад. Дар ин пешнавис барои саркӯбии эътирозгарон дар 8 моҳи гузашта Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия маҳкум шудааст. Пешнависи ин қатъномаро Олмон ба СММ фиристод ва қарор аст он имрӯз дар СММ ба райдиҳӣ гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG