Пайвандҳои дастрасӣ

"СомонЭйр" ду хатти нав то Қазон боз хоҳад кард


Ширкати хусусии ҳавопаймоии “СомонЭйр” аз ифтитоҳи парвозҳо ба шаҳри Қазони Русия хабар медиҳад. Ба навиштаи “Азия Плюс”, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи “Боинг” аз Душанбеву Хуҷанд ба пойтахти Тотористон аз 8 декабр оғоз хоҳад ёфт. Қимати парвоз аз ҷониби Тоҷикистон 160 евро таъйин шудааст. “СомонЭйр” аз соли 2008 вориди бозор шуд ва феълан дар 22 масир парвоз анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG