Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии мухолифин дар интихоботи Испания


Ҳизби мухолифи мардумии Испания дар роҳи пирӯзӣ дар интихоботи саросарӣ қарор дорад. Бар асоси шумориши зери 70 дарсади орои интихоботи дирӯза, ҳизби муҳофизакори Мариано Рахой бо касби 44 дарсади оро, 187 курсӣ аз 350 курсии маҷлиси поёнии парлумони Испанияро ба даст меорад. Ҳизби сотсиалист, ки аз соли 2004 дар сари қудрат буд, феълан ҳамагӣ 28 дарсади оро ва 111 курсии вакилиро дар ихтиёр дорад. Интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Испания дар пайи буҳрони сангини қарзҳо ва ба 21,5 дарсад расидани сатҳи бекорӣ доир шуд. Сарвазири кунунӣ Хосе Луис Запатеро аз мубориза барои давраи севвуми раҳбарӣ даст кашид.
XS
SM
MD
LG