Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти оромии нисбӣ ба Қоҳира, пойтахти Миср


Ба думболи тазоҳуроти хушунатбор ва марги ду нафар, оромии нисбӣ ба шаҳри Қоҳира пойтахти Миср баргаштааст. Тазоҳурот дар Миср, баёнгари хашми ҷомеа аз суръати кунди ислоҳот ва нигарониҳо аз саъйи низомиёни ҳоким бар Миср барои нигаҳ додани қудрат дар дасти худ, рукуди иқтисодӣ дар Миср ва баҳсу кашмкаши сиёсатмадорон бар сари тарҳи Қонуни Асосӣ хонда шудааст. Ба навиштаи хабаргузории расмии “МЕНА”-и Миср, дар бархӯрди тазоҳургарон бо пулис 676 нафар захмӣ шудаанд. Пулиси Миср дирӯз барои пароканда кардани бештар аз 5 ҳазор тазоҳургар, ки дар майдони Таҳрир ҷамъ омаданд, аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кард. Тазоҳуроти густурдаи мардумӣ дар ҳамин майдон дар моҳи феврал Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Мисрро маҷбур ба тарки қудрат карда буд.
XS
SM
MD
LG