Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия. Ҳамлаи нав дар пасманзари ҳушдори Русия


Бино бар хабарҳои расида, мусаллаҳон ба дафтарҳои ҳизби ҳокими «Баас»-и Сурия ҳамла кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Русия аз лағжидани Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор додааст. Гуфта мешавад, ин гурӯҳҳо аз сарбозони артиши Сурия иборатанд, ки ба нишони эътироз сафи артишро тарк кардаанд. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ҳамчунин ҳамаи тарафҳоро ба қатъи хушунат ва гуфтушунид даъват кард. Вай гуфт, нерӯҳои мухолиф низ ҷавобгари вазъи феълии Сурияанд. Бино бар шумориши Созмони Милал аз оғози нооромиҳо дар Сурия дар моҳи март то ҳоло зиёда аз 3 500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG