Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ролкан ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ мекашад


Ширкати Ролкан инвестмент ЛТД мехоҳад, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба додгоҳ кашад. Раиси ширкат Сергей Полуянов ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки вакилони мудофеъ аз ҳама чораҳои мумкин кор мегиранд ва аз пайи таҳияи асноданд.

Рӯзи 8 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвозҳо барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа алайҳи Сергей Полуянов низ ҳамин гуна иттиҳом эълон ва ҷустуҷӯи ӯро эълон кардааст.

Ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа боиси сард шудани равобити Маскаву Душанбе гардид ва дар Русия таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG