Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Осетияи Ҷанубӣ ба даври дуввум рафт


Мақомоти расмии ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон гуфтаанд, ки интихоботи расёати ҷумҳурӣ ба даври дуввум хоҳад рафт. Кумиссиюни марказии интихоботи ин ҷумҳурӣ гуфт, Анатолий Бибилов-номзади мавриди ҳимояи Кохи Кремл, ки ҳоло дар мақоми вазири умури изтирорӣ ифои вазифа мекунад, бо номзад Алла Ҷиойева-вазири пешини маориф дар интихоботи рӯзи якшанбе 25 дарсадӣ рай ба даст овардаанд. Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот, дар райдиҳӣ 66 дарсад ширкат кардаанд. Даври дуввуми интихобот баъд аз ду ҳафтаи дигар баргузор мешавад. Аз соли 2001 то ҳол Эдуард Кокойтӣ раҳбарии ин ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт. Вай баъд аз ду даври раёсати ҷумҳурӣ дигар наметавонад дар интихобот ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG