Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Русияву Чин мухолифи аслиҳаи ҳастаии Эрон ҳастанд


Барак Обама дар нишасти Ҳонолулу

Барак Обама дар нишасти Ҳонолулу

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Русия, Чин ва Амрико ваҳдати назар доранд, ки Эрон барномаҳои ҳастаиашро барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ истифода намекунад. Обама зимни суханони худ дар нишасти раҳбарони кишварҳои гурӯҳи Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар Ҳонолулуи аёлати Ҳаваии Амрико гуфт, давлати вай бо Чину Русия дар бораи роҳҳои ҳамкории ин се қудрати ҷаҳонӣ машварат хоҳад кард, ки Эрон нируи ҳастаии худро барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ба кор намебарад. Обама гуфт, вай дар ин мулоқот бо Дмитрий Медведев ва Ҳу Ҷинтао-руасои ҷамоҳири Русияву Чин дар ин бораи роҳҳои дипломатии ҳали бӯҳрони ҳастаии Эрон сӯҳбат кардааст, вале гуфтааст, Амрико роҳҳои дигари ҳали масъаларо низ аз мадди назар дур намекунад:

“Он чӣ ман анҷом додам, сӯҳбат бо президент Медведев ва президент Ҳу Ҷинтао буд ва ҳамаи се нафари мо роҷеъ ба ҷанбаҳои объективии масъала розӣ ҳастем. Бояд бовар дошта бошем, ки Эрон нируи ҳастаиашро барои иҷоди аслиҳа истифода намекунад ва он боиси оғози мусобиқаи таслиҳоти ҳастаӣ дар минтақа намешавад”.

Русияву Чин, ки узви доимии Шӯрои Амнияти СММ мебошанд, зоҳиран розӣ ба назар мерасанд, ки бар зидди Эрон барои фаъолиятҳои ғанисозии уран таҳримҳои баъдӣ ҷорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG