Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди шохис баъд аз тағйири ҳукумат дар Италия ва Юнон


Ҳамчун вокуниш ба тағйири ҳукуматҳо дар Италия ва Юнони гирифтори бӯҳрони молиявӣ нархи саҳҳом дар бозори Токио субҳи имрӯз рӯ ба афзоиш ниҳод. Шохиси Никкей дар бозори бурси Токио 1,37 дарсад боло рафт. Ин афзоиш замоне иттифоқ афтод, ки кумиссионери пешини Иттиҳоди Аврупо, Марио Монтӣ барои эҳёи эътимоди бозор ба ташкили ҳукумати изтирорӣ иқдом мекунад ва сарвазири нави Юнон Лукас Пападемос имрӯз барои гирифтани бахши нави кӯмаки 8-миллиардевроӣ барномаи худро дар порлумон эълом хоҳад дошт. Ва имрӯз намояндагони қарздиҳандаҳо – Иттиҳоди Аврупо, Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки марказии Аврупо барои таҳқиқи пешрафти Юнон дар роҳи эътидоли молӣ ба Афин сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG