Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тазоҳургарон ба сафоратҳои Арабистони саудӣ ва Қатар


Арабистони саудӣ ҳамла ба сафорати кишвар дар Димишқро маҳкум кард.
Имрӯз издиҳоми ҷонибдорони раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба биноҳои сафоратҳои Арабистони саудӣ ва Қатар ҳамла карда ва инро чун посух ба тасмими ин кишварҳо барои аз ширкат дар нишастҳои Лигаи кишварҳо араб маҳрум сохтани Сурия арзёбӣ намуданд.

Аз ин пеш мақомоти Сурия барои баррасии авзоъ дар кишвар бо дигар давлатҳои узви Лигаи кишварҳои араб изҳори омодагӣ карданд. Дар изҳороти расмӣ, ки ахиран аз тариқи телевизиони давлатӣ нашр шуд, ба кишварҳои узви Лига пешниҳод шудааст то нозирони худро ба Димишқ фиристанд.

Дирӯз Лигаи кишварҳои араб дар нишасти худ дар Қоҳира дар бораи мутаваққиф сохтани ширкати Сурия дар нишастҳои созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар тасмим гирифт. Аз ин тасмим СММ, ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё истиқбол карданд. Бан Ки Мун ин тасмимро “нерӯмандона ва мардона” номид.
XS
SM
MD
LG