Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ифротгаро худ ва 7 касро кушт


Даромадгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон
Даромадгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки имрӯз дар ҷануби ин кишвар ҳангоми бархӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои амниятӣ як ҷангҷӯи исломӣ ҳафт нафарро ба ҳалокат расонд. Идораи додситони кулли Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Тараз як ҷангҷӯй чор афсари амниятӣ ва ду шахси мулкиро ба қатл расонд, вале вақте худи ӯро иҳота карданд, ҷангҷӯй як афсари дигари полисро кушта, сипас худкушӣ кард. 31-уми октябр дар шаҳри ғарбии Атирау, воқеъ дар соҳили баҳри Каспий, як фарди эҳтимолан ифротгаро тасодуфан худро мунфаҷир намуда буд. Гурӯҳе бо номи Ҷунд-ал-Халифа ва ё Сарбозони халифа масъулияти ин таркиши тасодуфӣ ва як таркиши дигареро, ки ҳамон рӯз дар Атирау ба вуқӯъ пайваста буд, бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG