Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли нави бузи "беназир" дар Шӯрообод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Шӯрообод дар пайи дурагкунӣ насли нави бузе ба вуҷуд омадааст, ки назир надорад.

Ин насли нави буз, ки то ҳанӯз номи хосе надорад, аз дурагакунии бузи пармашох, навъи нодири бузи кӯҳи бо бузҳои маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст.

Исломшоҳ Шоев, мувини раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, тайи панҷ соли ахир олимон ва чорвопарварони маҳаллӣ ба дурагакунии бузҳои маҳаллӣ бо бузҳои пармашох машғул буданд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор ба хотири наҷоти бузи пармашох, ки дар «Китоби сурх» ҳамчун нодиртарин бузи кӯҳӣ сабт шудааст, амалӣ карда шуд.

Аммо Шоев мегӯяд, натиҷаҳои ин дурагакунӣ насли бузеро ба миён овард, ки ҳеҷ интизор надоштанд. Ӯ афзуд: «Дар ин панҷ сол саршумори ин буз ба 20 сар расид. Мо бовар надоштем, ки аз ин бузи маҳаллӣ ва пармашох чунин насл пайдо мешавад. Ин насли нав, ки то ҳол номи хосе барояш нагузоштаем, ҳам ба бузи хонагӣ монанд аст ва ҳам ба чанбаршох, вале бартарияташ дар ин аст, ки вазнаш аз ҳардуи инҳо бисёртар аст. Гӯшташ ҳам аз ҳама лиҳоз хубтару беҳтар аст. Парвариш ва афзоиши он дар шароити Шӯрообод хеле хуб аст.»

Ба вуҷуд омадани ин насли нави бузҳоро масъулини ноҳияи Шӯрообод кашёфиёти тоза дар соҳаи чорводорӣ меҳисобанд.

Пайдоиши насли нави бузҳо дар ҳолест, ки табиатшиносон аз нобудшавии бузи пармашох сӯҳбат мекарданд. Ҳасан Амиров, сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бузи пармашох нодиртарин буз дар ҷаҳон дониста мешавад, ки дар Осиёи Миёна танҳо дар Дашти Ҷуми Тоҷикистон мавҷуд аст. Ба хотири ҳифзи ин навъи буз, ки солҳои ахир аз ҷониби марзшиканони афғон бераҳмона шикор мешуд, тадбирҳои ҷиддие рӯи даст гирифта шудааст. Ба ин хотир, бузи пармашох дар парваришгоҳи вижае дар Дашти Ҷумъ низ парвариш меёбад.

Ҷаноби Амиров мегӯяд: «Ин намуди бузи чанбаршох дар миқёси ҷаҳон низ ҳайвони камёфт аст ва мақсади ташкил шудани мамнӯъгоҳ низ нигаҳдории он ба шумор меравад.»

Шикорчиён дар ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, чанд соли пеш шумори зиёди ин бузҳо мушоҳида мешуд, вале ҳоло касе ба чунин навъи буз дар кӯҳ дучор намеояд.

Маҳмадулло, як шикорчии собиқадор гуфт: «Дар ҳақиқат солҳои 70-80-ум зиёд буданд ва мо онҳоро шикор мекардем, вале ҳоло дигар дар ин наздикиҳо тамоман бузи пармашох нест. Дар ҳамон мавзеҳои дуртар кам ҳаст, ки афғонҳо шикорашон мекунанд.»

Бузҳои пармашох дар минтақае ба сар мебаранд, ки амалан таҳти назорати қочоқчиёни афғон қарор дорад. Ин мавзеест, ки беш аз 35 ҳазор ҳектор заминро ташкил медиҳад ва душворназорат аст.

Ҳоло бо дурагакунии ин навъи буз ва гирифтани насли тоза масъулин умед доранд, ки пармашох аз нобудшавӣ наҷот меёбад.
XS
SM
MD
LG