Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз боз шудани роҳи Русия ба WTO


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз созиши ниҳоӣ, ки роҳи Русияро барои пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳамвор кард, истиқбол намуд ва онро “як рӯзи муҳим дар равобити Амрикову Русия” хонд. Барак Обама гуфт, узвияти Русия дар созмони мазкур, ки қарор аст, моҳи декабр расмӣ шавад, "ба офаридани ҷойҳои корӣ дар дохил ва риояти меъёрҳои байналмилалии тиҷорат аз тарафи Русия мусоидат хоҳад кард." Русия 18 сол боз барои узвият дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ талош дошт ва танҳо ҳафтаи гузашта баъди ризоияти Гурҷистон, ки монеъи қабули Русия мешуд, роҳ барои пазируфтани ин кишвар ба созмон ҳамвор гашт.
XS
SM
MD
LG