Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 60 ҷангии толиб дар набарде дар Пактико


Дар задухӯрде, ки ба думболи ҳамлаи толибон ба як постгоҳи нерӯҳои НАТО дар вилояти Пактикои Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 60 ҷангии мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Дар амалиёт алайҳи толибон ҳавопаймоҳои низомӣ низ ширкат доштанд.

Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, ба низомиёни НАТО ва сокинони маҳаллӣ осебе нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол дар вилояти Урузгон Афғонистон ҷустуҷӯи сарбози ҳукуматӣ, ки дар бархӯрде се низомӣ аз Австралияро маҷрӯҳ кардааст, идома дорад. Бар асари тирандозӣ ду сарбози афғон ҳам ҷароҳат бардоштанд.

Тақрибан ду ҳафта пеш дар ҳамин гуна ҳодиса дар вилояти Қандаҳор се низомӣ аз Австралия кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд. Дар Афғонистон беш аз яку ним ҳазор низомиён аз Австралия мустақаранд. Тайи солҳои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон 32 сарбоз аз ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG