Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис хостори баррасии қазияи Эрон дар Шӯрои амнияти СММ шуд


Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон дар Ароқ
Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон дар Ароқ
Фаронса аз Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки изҳороти ахири Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар бораи талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро баррасӣ кунад.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Фаронса гуфта шудааст, ки Порис ба ҷорӣ кардани таҳримҳои бесобиқа алайҳи Эрон дар сурати аз сӯи Теҳрон рад шудани талаботи ҷомеъаи байнулмилалӣ омода аст.

Дар гузориши ахири МАГАТЭ гуфта шудааст, ки дар бораи талошҳои Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ иттилоъ зери даст дорад. Теҳрон ин гузоришро бетавозун ва дорои ангезаи сиёсӣ номид. Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки кишвараш аз коркарди барномаи ҳастаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ даст бардоштанӣ нест.
XS
SM
MD
LG