Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валентина Матвиенко ба қазияи халабонҳо таваҷҷуҳ кард


Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсиони Русия, изҳор намуд, ки қазияи ҳукми додгоҳии халабони рус Владимир Садовничийро бо раиси парлумони Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ гуфт, ки имрӯз дар долонҳои нишасти Маҷмааи байнипарлумонии Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд дар шаҳри Санкт-Петербург бо раиси парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад ва хостори арзёбии то куҷо қонунӣ будани ҳукми додгоҳ дар баробари халабони рус аз сӯи вакилони парлумони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дирӯз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Халабонҳо моҳи марти соли равон бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Дар ҳавопаймои онҳо як муҳаррики авиатсионии қочоқӣ ошкор гардид.

Халабонҳо дар мурофиа айбро ба гардан нагирифтанд ва гуфтанд, ки барои дар шаҳри Қӯрғонтеппа нишондани ҳавопаймоҳо маҷбур шудаанд.

Дирӯз вазорати умури хориҷии Русия ҳукми ҳабси Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро “сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG