Пайвандҳои дастрасӣ

Солеҳӣ: "Мавзӯи ҳастаии Эрон мавзӯи сиёсист"


Алӣ Акбар Солеҳӣ дар Ереван

Алӣ Акбар Солеҳӣ дар Ереван

Мақомоти Эрон эълом доштанд, ки кишварҳои ғарбӣ ягон далели мушаххаси талоши Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро надоранд.

Изҳороти Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умри хориҷии Эрон дар ин бора дар Ереван, пойтахти Арманистон, пахш шуд. Ӯ гуфт, ки кишварҳои Ғарб даҳ сол боз Эронро дар робита ба барномаи ҳастаияш мавриди фишор қарор додаанд ва "мавзӯи ҳастаии Эрон як мавзӯи сиёсист, на мавзӯи фаннӣ ва ҳуқуқӣ".

Аз ин пештар ИМА изҳори умедворӣ карда буд, ки дар гузориши нави Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ нигарониҳои Амрико аз барномаи ҳастаии Эрон инъикос хоҳад ёфт. Гузориши МАГАТЭ бояд рӯзҳои наздик нашр шавад. Қарор аст дар гузориш рӯи он бахшҳои фаъолияти Эрон тамаркуз шавад, ки метавонанд ба соҳиби силоҳи қатли ом шудани Теҳрон мусоидат кунанд.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар робита ба нигарониҳои Вошингтон гуфт, ки “Эрон бо МАГАТЭ ҳамкории шаффоф намекунад ва ба ин созмон барои тафтиши пурраи муассисаҳои ҳастаияш имкон намедиҳад”. Бар пояи иттилоъи мақомоти амрикоӣ, Эрон сатҳи ғанисозии уранро то 20 дар сад боло бурдааст ва ин, ба гуфтаи хонум Нуланд, аз сатҳи барои рушди барномаи ҳастаӣ бо аҳдофи осоишта зарурӣ хело болотар аст.
XS
SM
MD
LG