Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҷрои Шимолӣ" мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад


Имрӯз бо ҳузури раҳбарони Олмон ва Русия, маросими баҳрабардорӣ аз лӯлаи гази «Маҷрои Шимолӣ» баргузор мешавад, ки гази Русияро аз зери Баҳри Сиёҳ то ба Аврупои Ғарбӣ мерасонад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва нахуствазирони Фаронса ва Ҳолланд ва масъули умури энержии Иттиҳодияи Аврупо Гуентер Оттингер дар ин маросим ширкат хоҳанд кард. Интиқоли газ аз тариқи лӯлаи бештар аз 1200 километрӣ имрӯз ба Олмон шурӯъ мешавад. Маҷрои Шимолӣ то охири соли 2012 мавриди баҳрабардории комил қарор мегирад ва солона метавонад 55 миллиард метри мукааби гази табииро ба кишварҳои Аврупо интиқол диҳад. Бисту шаш миллион хона то 50 соли дигар аз гази интиқолии ин лӯла баҳра хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG