Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави муваққатии Юнон ташкил мешавад


Раҳбарони сиёсии Юнони бӯҳронзада имрӯз барои ташкили ҳукумати муваққатии нав ва ҳамингуна хотима додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар гуфтӯгу хоҳанд кард. Рӯзи якшанбе нахустазир Ҷорҷ Папандреу, мувофиқат кардааст, ки аз мақомаш канорагирӣ мекунад, то замина барои ташкили ҳукумати муваққат фароҳам шавад. Созиш дар ин маврид рӯзи якшанбе баъди мулоқоти дусоатаи Ҷорҷ Папандреу бо пешвои мухолифон Антонис Самарас ва Каролос Папуалис, раиси ҷумҳури Юнон ҳосил шуд. Дафтари раёсати ҷумҳури Юнон гуфт, “созиш ба даст омад, ки ҳукумати нав ташкил шавад ва баъди иҷрои қарори Шӯрои Аврупо аз рӯзи 26 октябр, кишварро барои интихоботи оянда омода кунад.” Бӯҳрони сиёсӣ дар Юнон, хатари варшикастагии молии ин кишвари дармонда дар бӯҳрони молӣ ва ихроҷи он аз Иттиҳодияи Аврупоро бештар карда буд.
XS
SM
MD
LG