Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи Араб: Сурия ӯҳдадориҳояшро иҷро намекунад


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҷомеаи Араб рӯзи шанбе дар Қоҳира барои баррасии рафтори Сурия, ки пешниҳодҳои ин созмонро дар бораи қатъи саркӯбии тазоҳуркунандагон иҷро накардааст, ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунанд. Дар эъломияи ин созмон омадааст, “барои он ҷаласаи Қоҳира даъват шудааст, ки Қонуни Асосӣ риоят намешавад ва ҳукумати Сурия тааҳҳудоти худро тибқи барномаҳои кишварҳои арабӣ дар бораи ҳали бӯҳрони Сурия иҷро намекунад”. Баъзе манобеи хабарӣ гуфтаанд, дар рӯзи аввали Иди Қурбон нируҳои амниятии Сурия 10 нафари дигар аз ширкаткунандагони тазоҳуроти зидди режимро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG