Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канн бӯҳрони қарзи Аврупо баррасӣ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Канни Фаронса мулоқоти дурӯзаи сарони 20 кишвари пешрафтаи олам ё G-20 шурӯъ мешавад. Мавзӯъи аслии ин нишаст – бӯҳрони қарзи Аврупо ва вазъи молиявии Юнон эълон шудааст.

Интизор меравад, ки Барак Обама нигаронии кишвараш аз тасмими ҳукумати Юнон барои баргузории референдум дар мавриди дархости бастаи нави кӯмаки молиявӣ аз Иттиҳодияи Аврупоро иброз дорад. Вошингтон аз он ҳарос дорад, ки натоиҷи референдум дар Юнон ҳама талошҳои кишварҳои узви минтақаи евро барои бурунрафат аз бӯҳронро ноком месозад.

Дар чаҳорчӯби G-20 музокироти Барак Обама бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ тарҳрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG