Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи Афғонистон


Дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз ҳамоиши байналмилалие ифтитоҳ мешавад, ки дар ҷараёни он шеваҳои таъмини амният дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мекунанд. Қарор аст, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар ин ҳамоиш тарҳи аҳднома дар бораи амният ва ҳамкориҳои минтақавиро муаррифӣ кунад. Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон, ин санадро барои ҷараёни сулҳ дар кишвараш муҳим хонд ва гуфт: “Дар нишаст қарор аст, санаде ба имзо бирасад, ки ба шакли механизме бошад, ки ин кишварҳое, ки тааҳуд супурданд дар ин ҳамоиш ва ё месупоранд, оё ба ин тааҳуди худ пойбанд мемонанд ва ё намемонанд?" Дар конфронси Истанбул , мақомоти Амрико, Ҳинду Покистон, Эрон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони Милал ва НАТО ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG