Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Занон бештар аз мардон?


Аҳолии кураи замин ба 7 миллиард нафар расид ва аз ин шумор аҳолии Тоҷикистон 7 миллиону 565 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон соли гузашта нуфусшумории аҳолӣ баргузор шуд, вале натиҷаи ниҳоии он соли 2013 нашр хоҳад шуд.

Тибқи пажуҳишу баррасиҳо, шумори аҳолии Тоҷикистон дар даҳ соли ахир 23 дарсад афзудааст. Ва теъдоди занон дар шумори аҳолӣ нисбат ба мардон бештар аст, дар ҳоле, ки дар афзоиши табиии аҳолӣ, яъне таваллуд теъдоди бачаҳо нисбат ба духтарон зиёд аст.

"ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ МАРДОН БЕШТАРАНД"

Бар асоси омори расмии давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, дар соли 2011 ба сари ҳазор нафар аҳолӣ ҳудуди 13 дарсад писар таваллуд шуда, таваллуди духтарҳо ҳудуди 12 дарсадро ташкил кардааст. Вале фавти бачаҳо, яъне марг дар синни бачагӣ 43 дарсад ва фавти духтарҳо 33 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне омор нишон медиҳад, ки як сабаби зиёд будани занон нисбат ба мардҳо дар Тоҷикистон фавти бештари бачаҳо нисбат ба духтарҳо дар синни кӯдакӣ аст.

Варақаи саршумории аҳолӣ дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Варақаи саршумории аҳолӣ дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Далели дигар ба назари Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси созмони байналмилалии кор, ин раҳбарии хонавода ва масъули хонавода будани мард дар Тоҷикистон аст, ки ба далоили мухталиф умри онҳоро кӯтоҳ мекунад: «Маргу мири мард зиёд аст. Мардҳо бештар ба шуғл фаро гирифта шуданд, ба муҳоҷират мераванд. Дар сафар ва ҷойи кор ба риску хатари зиёд рӯбарӯ ҳастанд. Занҳо бошад, дар хона менишинанд. Ин албатта омили коҳиши теъдоди мардҳо мешавад.»

МАРДОНИ ТОҶИК АЗ ЗАНОН УМРИ ДАРОЗТАР МЕБИНАНД?

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳудуди беш аз як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хусус мардҳо ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва солона ҳудуди 700 - 800 ҷасади мардикори тоҷик ба ватан оварда мешавад. Ба илова, ҳамасола дар тасодуми автомобилӣ ва садама дар кор, садҳо нафар мардон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бо вуҷуди маргу мири бемаҳалли мардон, дар ҳисоби дарозумрӣ мардон назар ба занон умри бештар мебинанд. Ба сари ҳар ҳазор нафар сокин 137 нафар мард, дар муқобили 133 нафар зан дарозумтар аст.

ДАР НАВОРИ ЗЕР ҶАРАЁНИ НУФУСШУМОРИИ АҲОЛӢ ДАР СОЛИ 2010-РО БУБИНЕД:

Нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ба далели муҳоҷират ва маргу мири мардон сахтии рӯзгор бар дӯши занон аст ва теъдоди занони бевамонда дар Тоҷикистон ҳам ба ҳамин далел рӯ ба афзоиш мебошад. Паёмади ин барои Тоҷикистон, ки бештар ба мавзуъи тарбияи фарзанд ва ба воя расонидани он рабт дорад, мояи нигаронӣ аст.

КОҲИШИ АҲОЛӢ ДАР МАНОТИҚИ ТОҶИКНИШИН

Умуман аз лиҳози афзоиши табиии аҳолӣ, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми шастум қарор дорад. Дар соли 2011 афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон 1,8 дарсадро ташкил дод. Аммо бино ба пажӯҳишҳои СММ, афзоиши табиӣ дар минтақаҳои бештар тоҷикнишин ба хусус навоҳии куҳистон нисбат ба дигар минтақаҳо камтар аст.

Ҷараёни саршумории аҳолӣ дар соли 2010 (акс аз бойгонӣ)
Ҷараёни саршумории аҳолӣ дар соли 2010 (акс аз бойгонӣ)
Барои мисол агар дар навоҳии куҳистон ва вилояти Бадахшон афзоиши аҳолӣ 2, 5 дарсад бошад, дар ноҳияи Регар ва Фархор ба 5,6 дарсад мерасад. Ба гуфтаи коршиносони пажӯҳишгоҳи демографӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, далели ин вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум аст, ки дар бархе аз маворид бо далоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мардум ин навоҳӣ ба танзими оила даст мезананд. Барои мисол Валӣ Набиев, як донишҷӯ аз ноҳияи Рашт дар гуфтугӯ бо Озодӣ дар ин бора гуфт: «Ман мехоҳам ду фарзанд дошта бошам. Зеро дар шароити феълӣ, тарбияи фарзанди зиёд хело мушкил аст. Ва ман дар оянда низ тавони онро надорам.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00
Линки мустақим


Аммо Дилноза Эшонқулова донишҷӯи дигар аз водии Ҳисор мехоҳад ҳашт фарзанд дошта бошад: «Албатта тарбияи фарзанди зиёд мушкил аст, вале ман мехоҳам ҳашт фарзанд дошта бошам ва мекӯшам онҳоро хуб тарбия кунам.»

Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи демографӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар чанд соли ахир теъдоди аҳолӣ дар шаҳрҳо афзоиш ёфтааст. Ва дар навоҳӣ, ки 73 дарсади аҳолӣ ба сар мебарад, афзоиши табиии аҳолӣ рӯ ба коҳиш аст. Бино ба пешгӯии донишмандон, аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 8, 5 миллион нафар хоҳад расид. Вале теъдоди тоҷикон дар он нисбат ба 20 соли пеш дар ин шумор камтар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG