Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: Афзоиши аҳолӣ мушкилоти нав эҷод мекунад


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар робита ба тавлиди сокини 7-миллиардии сайёра изҳор намуд, ки афзоиши аҳолӣ барои башарият ҳам имконоти нав фароҳам меоварад ва ҳам мушкили нав эҷод мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, "интизор меравад то миёнаҳои қарн аҳолии Замин то ба 9 миллиард нафар афзоиш ёбад. Аз ин шумора 7 миллиард дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард, ки боиси мушкилоти ҷиддии шаҳрнишинӣ хоҳад шуд. То он замон мо бояд партоби газҳои гулхонаиро 50 дар сад ва аз он ҳам бештар коҳиш диҳем".

Дирӯз Нозири СММ ба дунё омадани сокини 7-миллиардии сайёраро дар шаҳри Калинингради Русия ба қайд гирифт. Петр Николаев соати 00-у 2 дақиқаи рӯзи 31 октябр чашм ба олами ҳастӣ кушод, қади ӯ 50 сантиметр ва вазнаш 3 килову 600 грамм аст.

Тайи 13 сол шумораи аҳолии олам як миллиард нафар афзоиш ёфтааст. Пешгӯиҳо ҳокист, ки то охири қарни 21 шумораи аҳолии Замин ба 10 миллиард нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG