Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои духтарҳои табдилшуда дар таваллудхона ҷубронпулӣ мегиранд


Иринаи тоҷикро модари рус ба воя расондааст
Иринаи тоҷикро модари рус ба воя расондааст
Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки тибқи қарор додгоҳи шаҳри Копейск, хонаводаи духтарҳои 12-солае, ки ба ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳи маҳаллӣ иваз шудаанд, дар ҳаҷми се миллион рублӣ ҷубронпулӣ хоҳанд гирифт. Волидони духтарҳои ивазшуда - Юлия Беляеваи рус ва Неъматулло Искандарови тоҷикистонӣ аз қарори додгоҳ қаноатманд ҳастанд. Дар як ҳодисаи 12 соли пеш, бо иштибоҳи доя исми духтарчаҳои бо фосилаи 15 дақиқа пушти ҳам ба дунёомада табдил шуданд ва аммо ҳақиқати ин иштибоҳ танҳо чанд моҳ пеш фош шуд. Дар як озмоиши тиббии ДНК-и духтарҳо маълум шудааст, ки дар ин хонаводаҳо фарзанди бегона тарбия мешавад. Вале ин дарди муштарак ҳарду хонаводаро ба ҳам наздик карда, волидони духтарчаҳо ба хулосае расиданд, ки аз фарзандонашон даст намекашанд ва ба хотири наздикиву ҳамхунӣ бо ҳамдигар равобити дӯстона барқарор мекунанд.
XS
SM
MD
LG