Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди аҳолии Замин ба 7 миллиард нафар расид


Теъдоди аҳолии Замин ба 7 миллиард нафар расид. Нозири СММ ба дунё омадани сокини 7-миллиардии сайёраро дар шаҳри Калинингради Русия ба қайд гирифт. Петр Николаев соати 00-у 2 дақиқа чашм ба олами ҳастӣ кушод, қади ӯ 50 сантиметр ва вазнаш 3 килову 600 грамм аст.

Ба иттилоъи шабакаи телевизионии "Россия 24", Русия аз рӯи нуфус дар ҷаҳон дар мақоми нуҳӯм қарор дорад.

Пешгӯиҳо ҳокист, ки то охири қарни 21 шумораи аҳолии Замин ба 10 миллиард нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG