Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа ҳангоми навори филми нави Сталлоне


Ҳангоми навори филми нави ҳунарманди маъруф Силвестер Сталлоне “Ҷилавгирнопазир-2” як каскадер ба ҳалокат расид ва як нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфт.

Ин филм дар канори шаҳри София, пойтахти Булғористон, навор гирифта мешавад. Каскадер дар як киштӣ дар кӯли наздикиҳои София бар асари таркиш ҷон бохтааст.

Ширкати Nu Image/Millennium Films, ки филми навро навор мегираад, хабари ҳалокати каскадерро тайид кард ва ба пайвандони ӯ изҳори тасаллият намуд.

Дар изҳороти расмии ширкат гуфта шудааст, ки гурӯҳи эҷодӣ ба мақомоти полиси Булғористон дар таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ мекунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, худи Силвестр Сталлоне, ҳангоми таркиш дар навори дигар саҳнаи филм ширкат дошт.

Сталлоне, ки таҳиягари филми аввали “Ҷилавгирнопазир” буд, продюсери филми дуввум аст.

Дар филми нав ҳам ба ҷуз худи Сталлоне дигар ситораҳои маъруфи синамо – Арнолд Швартсенеггер, Брюс Уиллис, Чак Норрис, Долф Лундгрен, Жан-Клод Ван Дамм ва Ҷет Ли нақш меофаранд.
XS
SM
MD
LG