Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони нерӯгоҳи ҳастаӣ коршиканиро қатъ карданд


Даҳҳо кормандони нерӯгоҳи ҳастаии Арманистон, ки ҳафтаи гузашта даст ба коршиканӣ зада буданд, баъди тасмими ҳукумат барои 10 дар сад боло бурдани моҳонаашон ба ҷойҳои кори худ баргаштанд.

Ба иттилоъи бахши армании Радиои Озодӣ, вазорати захоири энерҷӣ ва табиӣ дар бораи боло бурдани моҳонаи кормандон чанд соат баъд аз анҷоми музокироти кормандони нерӯгоҳ бо вазири энерҷӣ Армен Мовсизиён хабар дод.

Беш аз 150 корманди нерӯгоҳи ҳастаии воқеъ дар канори шаҳри Метсамор рӯзи 21 октябр, як моҳ баъд аз тақозояшон аз ҳукумат барои 50 дар сад боло бурдани моҳона, даст ба коршиканӣ заданд. Талаби худро онҳо бо кори хатарбор ва боло рафтани қимати молу маводи озӯқа дар кишвар марбут карданд.
XS
SM
MD
LG