Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарои ИА барои рафъи бӯҳрони евро ба тавофуқ наздиканд


Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ дар Брусел барои расидан ба тавофуқ роҷеъ ба дурнамои мубориза бо бӯҳрони молӣ дар қаламрави истифодаи евро ба пешрафтҳое ноил шудаанд. Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи истифодаи бемаҳдуд аз захираҳои Бонки Марказии Аврупо ба мухолифати Олмон рӯ ба рӯ шуд ва аз ин пешниҳод даст кашид. Баръакс кишварҳои қаламрави истифодаи евро метавонанд ба кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ дар ҳоли рушд мисли Чину Бразилия муроҷеа кунад, то ба бозори авроқи баҳодор кӯмак кунанд. Нишасти раҳбарони Аврупо барои баррасии ин масъала рӯзи чаҳоршанбе идома меёбад.
XS
SM
MD
LG