Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 3 скинҳед бо ҷурми қатли як тоҷик дар Маскав


Додгоҳи шаҳри Маскав се ҷавони руси пайрави ҷунбиши скинҳедҳоро бо ҷурми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2008 аз 17 то 24 сол ҳукми зиндон дод. Додгоҳ Николай Кузмишев, Владимир Гурбанов ва Юрий Ляшенкоро дар ҳамалот ба афроди ғайрирус дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ муҷрим шинохт. Кузмишев ба 24 соли зиндон, Гурбанов ба 23 сол маҳкум шуда, Ляшенко 17 сол гирифт. Вале додгоҳи Маскав муттаҳами чорум дар ин парванда – Борис Шулгинро сафед кард.
XS
SM
MD
LG