Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Навбати Тоҷикистон баъди Қирғизистон аст


Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ду рӯз пеш дар Петербург дар радифи 8 кишвари пасошӯравӣ ба созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ имзо гузошт. Ҳадафи Душанбе ба даст овардани шароити боимтиёз дар тиҷорат бо кишварҳои шӯравии собиқ аст. Ба хусус бо Русия, ки аз соли 2010 рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ андохт ва ин боиси афзоиши башиддати нархи бензин дар Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG