Пайвандҳои дастрасӣ

Латту кӯби фаъоли мухолифин дар Беларус


 Ҳамлаи полис болои эътирозгарон дар Минск

Ҳамлаи полис болои эътирозгарон дар Минск

Як раҳбари мухолифини ҳукумати Беларус ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар шарқи ин кишвар хабар додааст, ки афроди ниқобпӯш ӯро дар назди хонааш латту кӯб кардаанд. Витал Пратасевич-яке аз ташкилкунандагони эътирозҳои хомӯши ҷумбиши Инқилоб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, шоми сешанбе дар шаҳри Ҳомел афроди ниқобпӯш ӯро мавриди ҳамла қарор доданд. Ба гуфти Пратасевич мошине дар назди ӯ таваққуф намуда, аз дохили он чанд фарди ниқобпӯш берун шуданд. Онҳо бидуни кадом ҳарфе болои ӯ ҳамла кардаанд. Моҳи гузашта ҳангоми тақсими шабномаҳои ҷумбиши мухолифи ҳукумати Беларус Пратасевичро афроди номаълум канори худ кашида, ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки агар ин амалро бас накунад, паёмадаш бар дӯши худаш хоҳад буд. Эътирозҳои хомӯш, ки дар он ширкаткунандагон чизе намегӯянд, дар миёни мардуми Беларус пуштибонӣ зиёд доранд. Одатан полиси Беларус эътирозҳои мухолифинро бо истифода аз зӯр пароканда мекунад.
XS
SM
MD
LG