Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон омода аст иттиҳомоти ИМА-ро дар заминаи нақшаи куштори сафири саъудӣ таҳқиқ кунад


Эрон мегӯяд, ки омода аст иттилои ИМА-ро роҷеъ ба иттиҳомоти таҳияи ҳамла ба сафири Саъудия дар Вашингтонро бисанҷад. ИРНО дар нақли қавл аз Алиакбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон навиштааст, ки Эрон омода аст, “масъаларо бо тамоми ҷузъиёташ биомӯзад, ҳатто агар ин як сохтакорӣ бошад”. Вай гуфт, Эрон аз ИМА хост, ки дар ихтиёри Теҳрон иттилои зарурии марбут ба ин иттиҳомро вогузор кунад. Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, ки аз сафири Швейсария, ки манофеи ИМА-ро дар ин кишвар намояндагӣ мекунад, инчунин тақозои дастрасӣ бо Мансур Арбобсиёр карда шудааст, ки муттаҳами иҷрои нақшаи тарҳрезишуда гуфта мешавад. Арбобсиёр, ки шаҳрванди Эрон ва ИМА аст, моҳи сентябр аз ҷониби мақомҳои амрикоӣ бо иттиҳоми таҳияи нақшаи куштори сафири Саъудия дар Амрико Одил Ал-Ҷубайр боздошт шуд. Аз ин пеш раҳбарии олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ таҳдид кард, ки ба ҳама гуна “тадбири номуносиби Ғарб” посухи шадидлаҳн хоҳад дод. Вай гуфт, ки Вашингтон ин тавтеаро ба хотири ба тарафи дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба аз эътирозҳо дар Уолл Стрит роҳандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG