Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Саттор раиси Иттиҳодияи хабарнигорон интихоб шуд


Дар анҷумани 11-уми Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, имрӯз раиси феълии он Акбаралӣ Сатторов, хабарнигори шинохта дигарбора барои 5 соли дигар ба ин мақом интихоб шуд. Дар анҷумани имрӯза ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояти ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояти меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд. Ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд. Аз ҷумла дирӯз Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би Би Сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори “Нури Зиндагӣ” бо гуноҳҳои мухталиф маҳкум ба зиндон ва ҷарима вале аз толори додгоҳ озод шуданд.
XS
SM
MD
LG