Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи байнулмилалии хариди пахтаи Узбакистон


Узбакистон, дар ҳоле ки даҳҳо ширкати машҳури байнулмилалӣ хариди пахтаашро таҳрим кардаанд, дар Тошканд ҷашнвораи фурӯши пахтаро баргузор кард. Дар он 330 ширкат аз 38 кишвар намояндагӣ мекунанд. Чиҳил дар сади пахтаи Узбакистонро ширкатҳои Русия ва бақияро Чин, Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ харидорӣ мекунанд. Аммо бисёре аз давлатҳои ғарбӣ ба иллати истифодаи меҳнати кӯдак дар парвариши пахта аз хариди он худдорӣ мекунанд. Тошканд аз фурӯши пахта дар соли гузашта 500 миллион доллар ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG