Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи дигари ҳукумати Словакия барои ташвиқи мухолифон


Қарор аст, имрӯз раҳбарони ҳукумати эътилофии Словакия ҷиҳати моил кардани раиси ҳизби аслии мухолифи давлат барои ҳимоят аз тақвияти Хазинаи наҷоти молии кишварҳои ҳавзаи евро бо ӯ гуфтӯгу кунанд. Рӯзи сешанбе порлумони Словакия мухолифи афзоиши захираҳои молии ин хазинаи 440 миллиард евроӣ раъй дод, ки барои кӯмак ба кишварҳои дармонда дар бӯҳрони молии Иттиҳодияи Аврупо бисёр муҳим аст. Интизор меравад, порлумони Словакия то рӯзи панҷшанбе дигарбора барои тасвиби ин қарор раъй диҳад. Тамоми 16 кишвари ҳавзаи евро ба истиснои Словакия аз афзудани ҳаҷми кӯмакҳои молии хазина ҳимоят кардаанд. Мухолифати порлумони Словакия ба тавсиаи хазина сабаби аз ҳам пошидани ҳукумати Ивета Радисова нахуствазири ин кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG