Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво дар Тоҷикистон абрӣ, аммо нарм боқӣ мемонад


Осмон дар аксари манотиқи Тоҷикистон имрӯз абрист ва ҳарорати ҳаво назар ба дирӯз тағйири зиёд нахоҳад дошт. Бино бар иттилои марказҳои ҳавошиносии ҷаҳон, ҳаво дар шаҳри Душанбе то 15 дараҷаи селсия гарм мешавад. Кӯлобу Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Исфара то 18 дараҷаи селсия гарм хоҳанд буд. Аммо рутубати ҳаво бештар шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар то 77 дарсад хоҳад расид. Ҳарорати ҳаво дар Хоруғ имрӯз ҳамагӣ 7 дараҷаи селсияро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG