Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисодиёт. Охирин ҷоизаи имсолаи Нобел эълон мешавад


Дар Стокҳолм имрӯз номи барандаи Ҷоизаи Нобел дар иқтисодиёт эълон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, пажӯҳишгарони амрикоӣ Роберт Барро ва Пол Ромер барои тадқиқоте роҷеъ ба рушд аз барандагони эҳтимолии ҷоизаанд. Кумитаи Нобел мегӯяд, ҳангоми интихоби барандагон ба рӯйдодҳои рӯз эътино намекунад, аммо ҷоиза барои назарияи рушд ва он ҳам дар ҳоле ки сарони ҷаҳон роҳҳои ҷон дамидан ба ҷисми иқтисодро меҷӯянд, ҷолиб ба назар мерасад. Ин охирин ҷоизаи имсолаи Нобел хоҳад буд. Ҳафтаи гузашта барандагони ҷоизаҳо дар тиб, физика, кимиё, адабиёт ва сулҳ эълон шуданд.
XS
SM
MD
LG