Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ва Меркел бӯҳрони молии Аврупоро баррасӣ мекунанд


Ангела Меркел ва Никола Саркозӣ
Ангела Меркел ва Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар Берлин музокироти худро оғоз кардаанд, то қадамҳои баъдиро барои мубориза бо бӯҳрони молӣ дар Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ кунанд. Интизор меравад, ки раҳбарони ин ду кишвари аз лиҳози иқтисодӣ бузургтарини Аврупо ҷузъиёти нақшаҳои раҳоӣ аз бӯҳрон ва аз қарз раҳо сохтани бонкҳои Аврупоро баррасӣ кунанд. Дар музокирот бештар ба он таваҷҷуҳ хоҳад шуд, ки чӣ тарз ба бонкҳои Аврупо сармояи бештар дода шавад. Фаронса мехоҳад, ки барои таъмини суботи молӣ дар Аврупо 440 миллиард евро ба бонкҳои худ пул диҳад, то ин бонкҳо дубора ба сарчашмаи даромад табдил шаванд. Вале Олмон мегӯяд, ки сармоягузорӣ дар бонкҳо бояд баъд аз ҳамаи иқдомоти дигар сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG