Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Олмон мегӯяд, шабона як гурӯҳи эътрозгарон ба нишонаи эътироз бар зидди қатли раҳбари мухолифони курд ба сафоратхонаи Сурия дар Берлин ҳамла бурдаанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин бар зидди истифодаи аслиҳаи ҷангӣ бар зидди ширкаткунандагони маросими ҷаноза аз ҷониби нируҳои давлатии Сурия эътироз кардааст. Полиси Берлин мегӯяд, баъзе аз эътирозгарон панҷараи атрофи сафоратхонаро шикастаанд ва ба дохил рафтаанд. Онҳо дар дохили бино баъзе аксҳоро пора ва мебелро шикастаанд. Сафири Сурия дар Олмон, ки дар дохили ин бино ба сар мебарад, аз полиси Берлин кӯмак хостааст. Полис мегӯяд, эътирозкунандгон ба таври сулҳомез пароканда шудаанд ва касе боздошт ё зиндонӣ нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG