Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷумин солгарди қатли хабарнигори шинохтаи рус


Имрӯз аз рӯзи қатли Анна Политковская хабарнигори шинохтаи Русия ва як мунтақиди Кремл 5 сол пур шуд. Хабарнигори 48-солаи “Новая Газета”-ро рӯзи 7 октябри соли 2006 дар назди хонааш бо зарби тири туфанг куштанд. Марги Анна Политковская бо зодрӯзи Владимир Путин, раиси ҷумҳури собиқи Русия ҳамзамон иттифоқ афтод, ки ӯ кори Политковскаяро барои Русия “начандон муҳим” хондааст. Хонум Политковская ҳукумати Русияро барои фасодкорӣ, ҷанг дар Чеченистон интиқод мекард ва то ҳол фармоишгари қатли ӯ ёфт нашудааст. Танҳо Дмитрий Павлюченков, як афсари собиқи пулис бо иттиҳоми кӯмак дар тарҳрезии сӯиқасд боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG