Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо додани қарз ба Юнонро ба таъхир гузошт



Жан Клод Юнкер ва Ҷеорҷ Папаканстантиниоу-вазири молияи Юнон
Жан Клод Юнкер ва Ҷеорҷ Папаканстантиниоу-вазири молияи Юнон
Вазирони молияи кишварҳои қаламрави истифодаи евро дар мулоқоти худ дар Луксембург тасмим дар бораи додани қарз ба Юнонро канор гузоштанд. Ин дар ҳолест, ки бозрасони молии байналмиллалӣ расидагӣ ба вазъи душвори молии ин кишварро идома медиҳанд. Жан Клод Юнкер-раҳбари гурӯҳи Аврупо гуфт, бозрасони байналмиллалӣ ин масъаларо меомӯзанд, ки оё Юнон аз замони дар ихтиёраш гузоштани 8 миллиард евро қарз ба пешравие ноил шудааст ё хайр. Ин қарзро Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул дар ихтиёри Юнон гузошта буданд ва акнун бояд бозрасони молии байналмиллалӣ то 13 октябр гузориши худро роҷеъ ба истифодаи ин қарз пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG